Баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мурофиаи сайёри судӣ
Санаи 14 апрели соли 2026 аз тарафи Раиси суди ноҳияи Зафаробод Қурбонзода Х.Г. дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Зафаробод маҷлиси сайёри судӣ бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи волидону хонандагон ва омузгорони муассиса гузаронида шуд.

Дар фарҷом аз тарафи Раиси суди ноҳияи Зафаробод Қурбонзода Х.Г. бо ҳузурдоштагон суҳбат гузаронида шуда, доир ба мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» суханронӣ карда шуд.

Суди ноҳияи Зафаробод 



