ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ
Ба мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, инчунин ҷиҳати иҷрои супоришҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷумла Нақшаи кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2026, Қарори Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2026, Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5-уми декабри соли 2024 зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе баён доштанд, Супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2025, таҳти №10 ва аз 31 октябри соли 2025 таҳти №11, Супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 52 Нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2025 таҳти №7 ва Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якқатор корҳоро ба сомон расонид.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод бинои суди ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Аз ҷумла толори маҷлиси судӣ пурра азнавсозӣ карда шуда, толор бо мебел ва роҳаткурсиҳои замонавӣ муҷаҳаз гардидонида шуд. Ҳамзамон дар шафати бойгонии суди ноҳия ҳуҷраи алоҳида барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ташкил карда шуда, масоҳати бойгони суди ноҳия васеъ карда шуд. Дафтархонаи суд пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, дар он шароити созгори корӣ муҳаё гардид. Атрофи бинои суди ноҳия пурра рангу бор гардида, дар гирду атрофи он шиору овезаҳо насб карда шуданд.
Кормандони суди ноҳияи Зафаробод минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, ҷиҳати ба таври муносиб истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд.
Суратлавҳа:













Суди ноҳияи Зафаробод 




