АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ
Пешвои миллат дар Паём чунин маълумоти омориро иқтибос оварданд: «Дар доираи ҳадафҳои стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст. Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар ҳанўз нокифоя мебошад. Дар ин самт тақвиати корҳо доир ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва рушди иқтидори истеҳсолии кишвар, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гунонгуннавъии истеҳсолоти саноатӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолоти саноати коркард, афзоиш додани арзиши иловашудаи молҳои саноатӣ дар асоси рушди маҷмааҳои соҳавӣ зарур мебошад.» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисодии кишвар низ якчанд нуқтаҳоро иброз доштанд: «Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шудаанд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намудаанд.» Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодаанд.
Судяи суди ноҳияи Зафаробод Абдуллозода Шерзод
Суди ноҳияи Зафаробод 



