Баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мурофиаи сайёри судӣ

Санаи 11 апрели соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №1 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод аз тарафи Раиси суди ноҳияи Зафаробод Қурбонзода Х.Г. бо иштироки волидону хонандагони синфҳои болоӣ мурофиаи сайёри судӣ вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.