ТАЪЗИЯ

     Хабари нобаҳангоми дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ аз олам даргузаштани судяи суди вилояти Суғд, Шарифзода Бадриддин Нуриддин тамоми кормандони ҳокимияти судиро андӯҳгин намуд.

     Марҳум як инсони донишманд, поквиҷдон, меҳнатдӯст ва адолатпарвар эътироф шуда, солҳои зиёд дар роҳи таҳкими қонуният ва пойдороии адолати судӣ содиқона хизмат намудааст.

     Роҳбарият ва кулли кормандони ҳокимияти судӣ ба хонаводаи марҳум ва аҳли пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ намуда, барои онҳо сабри ҷамил ва матонати рӯҳӣ таманно доранд.

     Ёди нек ва хизматҳои судя Шарифзода Бадриддин Нуриддин абадан дар қалбҳо боқӣ хоҳад монд.