Сабти барномаи «МУРОФИА»
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 Суди Олӣ дар ҳамкорӣ бо «Телевизиони Тоҷикистон» нақшаи сабти барномаи «Мурофиа»-ро таҳия намудааст, ки мувофиқи он санаи 15 октябри соли 2025 сабти барномаи мазкур бо иштироки кормандони суди ноҳия дар толори суди вилояти Суғд гузаронида шуд.
Сабти барнома дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуда дар он судя Абдуллозода Шерзод ва ҳамаи кормандони дастгоҳи судии суди ноҳияи Зафаробод фаъолона иштирок намуданд.

Суди ноҳияи Зафаробод 



