Қадрдонии кормандони суди ноҳия аз ҷониби МИҲД-и ноҳияи Зафаробод ба муносибати рӯзи кормандони мақомоти судӣ

Санаи 27-уми октябри соли 2025 Раиси ноҳияи Зафаробод, прокурори ноҳияи Зафаробод, сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ва сародори шӯъбаи дар ноҳияи Зафаробод будаи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба мақсади таҷлил ва қадрдонии кормандони суди ноҳия ба муносибати рӯзи кормандони мақомоти судӣ ба суди ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд.

Қайд карда шуд, ки ҳокимияти судӣ яке аз шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияти бенуқсони он ба таҳкими эътимоди мардум ба қонун ва давлат мусоидат хоҳад кард.

Дар охир аз ҷониби Раиси ноҳия  Муродзода Муқим Қаюм ба ҳамаи кормандони суди ноҳия барои дарки масъулияти касбӣ, саҳмгузорӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати иҷтимоӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод сарфароз гардиданд.

Суратгузориш: