ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 16 ноябри соли 2025 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ ба ифтихори рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси суди ноҳияи Зафаробод Қурбонзода Хуршеда Гулмат низ иштирок намуд.

Қайд карда шуд, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии сулҳу субот, низоми давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, инчунин амалӣ гардидани ормонҳои миллии чандинҳазорсолаи халқи тоҷик беназир мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳияи Зафаробод барномаи фарҳангӣ манзур карда шуда, бо ҳамин чорабинӣ дар фазои идона хотима ёфт.


Суди ноҳияи Зафаробод 



