СУДҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА НИЗОМИ ЯГОНАИ БАЙНИИДОРАВИИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ПАЙВАСТ ГАРДИДАНД
Рӯзҳои 15-19 декабри соли 2025 раванди пайвастшавии судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба Низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба роҳ монда шуд.
Ин иқдом қадами муҳими навбатӣ дар роҳи рақамикунонии фаъолияти судӣ маҳсуб буда, ба баланд бардоштани самаранокии коргузорӣ, суръатбахшии мубодилаи иттилоот ва коҳиши ҳуҷҷатгузории коғазӣ мусоидат менамояд.
Бо ҷорӣ гардидани низоми мазкур, мубодилаи ҳуҷҷатҳо байни судҳо ва дигар мақомоти давлатӣ дар шакли электронӣ анҷом дода шуда, баррасии фаврии онҳо имконият фароҳам меояд.
Пайвастшавӣ ба Низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ҳамзамон заминаи боэътимодро барои татбиқи пурраи технологияҳои муосир дар низоми судӣ фароҳам оварда, ба таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба фаъолияти судҳо мусоидат хоҳад кард.
Суди ноҳияи Зафаробод 








