МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ПЛЕНУМИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 29 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии Пленуми Суди Олӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис роҳбарият, судяҳои Суди Олӣ, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони соҳаи ҳуқуқ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои муҳими вобаста ба таҳлили амалияи судӣ, таъмини татбиқи якхелаи меъёрҳои қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо, такмили равандҳои мурофиавӣ ва таҳкими қонуният мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни баррасии масъалаҳои рӯзнома маърӯзаҳои дахлдор шунида шуда, вобаста ба онҳо андеша ва пешниҳодҳои мушаххас иброз гардиданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани масъулияти касбии судяҳо ва татбиқи якхелаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар амалияи судӣ равона карда шуд.
Дар натиҷаи кори маҷлис 9 адад қарори Пленум, оид ба амалияи судии баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз ҷониби гуруҳҳои кории Суди Олӣ таҳия гардидаанд, қабул карда шуданд, ки дар онҳо ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти судҳо, мутобиқсозии амалияи судӣ ба талаботи қонунгузории амалкунанда ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ тавзеҳоти дастурӣ дода шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки як зумра аз қарорҳои мазкур бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 қабул гардиданд.
Аз ҷумла, қарорҳои Пленуми Суди Олӣ “Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба табъиз алоқаманд ба миён меоянд”, “Дар бораи баъзе масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣ оид ба ҷиноятҳо ба муқобили вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ, инчунин ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ барои истеҳсоли дороии маҷозӣ”, “Дар бораи татбиқи қонунгузории ҷиноятӣ марбут ба таъини ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ”, “Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ зимни баррасии парвандаҳо оид ба бартараф кардани монеа ба миён меоянд”, “Оид ба хусусияти татбиқи қонунгузорӣ марбут ба ҷиноятҳои ноболиғон ва чораҳои таъсиррасонии алтернативӣ нисбат ба онҳо”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2009, №21 “Дар бораи таљрибаи судӣ оид ба парвандаҳои марбут ба одамкушӣ” (бо тағйиротҳое, ки бо қарори Пленум аз 23 ноябри соли 2012, №29 ворид карда шудаанд)”, “Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки ҳангоми аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бармеоянд”, “Оид ба баъзе масъалаҳое, ки зимни татбиқи қонунгузорӣ вобаста ба ҷуброни хисороти истифодабарии энергияи барқ бармеоянд” ва “Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо оид ба ҷуброни зиён ва товони зарари маънавӣ, ки дар натиҷаи ҷиноятҳои марбут ба истифодаи шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат, ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф ба миён меоянд” қабул карда шуданд.
Маҷлиси Пленуми Суди Олӣ дар фазои корӣ ва созанда баргузор гардид. Қарорҳои қабулгардида ба рушди минбаъдаи низоми судӣ ва таҳкими адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд.
Суди ноҳияи Зафаробод 





