УФУҚҲОИ ИМРӮЗИ ОБОД
Паёми навбатии Асосгузории сулҳу ваӣдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муӣтарам Эмомалӣ Раҳмон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ арзёбӣ гардида, дар низоми сиёсии давлатдории миллӣ анъанаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва қутбнамои рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба суйи ояндаи дурахшон маҳсуб меёбад.
Маъмулан дар Паёмҳои Пешвои муаззами миллат дастоварду комёбиҳои муҳими соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таҳлилу баррасӣ ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оянда мушаххас мегарданд. Ин санадҳои тақдирсози миллати тоҷик аз лиҳози муҳимияти иҷтимоиву сиёсӣ дар таърихи наву навтарини давлатдории миллиамон тавъам бо воридшавии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди устувор ироа гардиданд.
Агар моҳият ва рисолати таърихии Паёмҳои Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат-Пешвои муаззами миллат назар афканем, возеҳу равшан дармеёбем, ки ҳама паёғому нусратҳои тоза, ташаббусҳои беназири созандагиву бунёдкориҳо, тантанаи хираду адолат, дӯстию рафоқат ва некию некӯкориҳо, инсонгароӣ буданду ҳастанд ва минбаъд низ хоҳанд буд. Зеро, ҳар марҳалаи фарогирандаи ин асноди сарнавиштсози миллат тавъам бо рӯйдодҳо ва дастовардҳои наҷиб дар ҷабҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари азизамон ироа гардида, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон чун марҳалаҳои пурфайзу бобарор, солҳои пур аз рӯйдодҳои бузург, созандагиву бунёдкориҳо, тараннуми хиради воло, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, ташаббусҳои беназир дар самти густариши фарҳанги миллӣ, ифтихори ватандорӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, равобити судманди хориҷӣ, дастовардҳои азим дар ҷодаҳои муаррифии миллати тоҷик ва ҳунари фарҳанги волои аҷдодӣ дар арсаи байналмилалӣ, ташаббусҳои беназир дар мубориза бар зидди хатарҳои таҳдидкунанда ба инсоният, муборизаҳои беамон алайҳи таҳдиду хатарҳоии фаромиллӣ, аз ҷумла зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизми фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, истисмор ва савдои одамон, даъват ба ҳамзиштии осоишта, таъмини некӯаҳволии мардум ва ғайра дар таърихи давлатдории навин нақши муассир ва ҳалкунанда гузоштаанд.
Аз ин лиҳоз, ҳар Паём ба ҳайси раҳнамо ва ҳидоятгари имрӯзи обод ва фардои дурахшони мардуми заҳматқарину сарбаланди Тоҷикистон буда, самтҳои муҳими рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии кишварро дар марҳалаҳои ҳассои таърихӣ мушаххас ва равшан месозанд. Паём василаест, ки рисолати таърихии худро пас аз ноил гардидан ба ваҳдати комил ва устувории сиёсӣ возеҳу равшан дар таҳкими ҷанбаҳои пешрафти устувори кишвар ва ҷомеаи Тоҷикистон ба сомон мерасонад. Маҳз, дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ҷомеаи моро ҷониби ояндаи ободу осуда ва дурахшон раҳнамун месозанд.
РАИСИ СУДИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД ҚУРБОНЗОДА Х.Г.
Суди ноҳияи Зафаробод 



