БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА “РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ”
25 октябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили иди “Рӯзи кормандони мақомоти судӣ” бо иштироки Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Абдуллозода З.Ф., муовинон, судяҳои Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, инчунин, судяҳои судҳои ҷумҳурӣ ҳамоиши идона баргузор гардид.
Нахуст, Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. зимни суханронии хеш судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои ҷумҳуриро бо “Рӯзи кормандони мақомоти судӣ” табрику таҳният гуфта, барои бо риояиву иҷрои ҳатмии қонунҳо ва масъулияти баланди касбӣ анҷом додани вазифаҳои хизматӣ ва ба халқу Ватани маҳмубамон содиқонаву беғаразона хизмат карданро даъват ба амал оварданд.
Қайд гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти судӣ мунтазам рушду таҳким ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа шароитҳои мусоид таъмин карда шуда истодаанд.
Дар чорабинӣ доир ба нақши Пешвои миллат дар рушду густариши ҳокимияти судӣ ва таърихи ташакулёбии мақомоти судии мамлакат баромадҳои илмӣ-амалӣ ироа шуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш судяҳое, ки дар вазифаи худ бо садоқат, масъулият ва дасту дилу нияти пок фаъолият доранд бо “Ифтихорномаи Раиси Суди Олӣ” қадрдонӣ карда шуданд. Ин иқдом нишони эҳтиром ба меҳнати поквиҷдона ва таҷрибаи арзандаи онҳо буда, ҳамзамон ба таҳкими анъанаҳои беҳтарини касбии судяҳо мусоидат мекунад.
Дар фарҷоми ҳамоиши идона ба муносибати ҷашнгирии “Рӯзи кормандони мақомоти судӣ” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Суди ноҳияи Зафаробод 











