Баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар маҷлиси сайёри судӣ аз тарафи Раиси суди ноҳияи Зафаробод Қурбонзода Х.Г.

Санаи 08 апрели соли 2025 дар маҷлисгоҳи бинои Ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод аз ҷониби Раиси суди ноҳияи Зафаробод Қурбонзода Х.Г. бо иштироки фаъолони Ҷамоат маҷлиси сайёри судӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналогӣ) онҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 343 (Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернатӣ) Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар маҷлис ҳамаи кормандони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, соҳибкорон, роҳбарони муасиссаҳои таълимӣ ва дигар муасиссаву ташкилотҳои ҳудуди ҷамоат ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.

Раиси суди ноҳия дар охир  вобаста ба оқибатҳои ногувори даст задан ба ҷиноят, аз ҷумла чунин ҷиноятҳо баромад намуд.