ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 34-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Санаи 9 сентябри соли 2025 дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Зафаробод чорабинии тантанавии ҷашнӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони дастгоҳи судии суди  ноҳия фаъолона иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур дар фазои тантанавӣ ба якчанд нафар фаъолони соҳаҳои гуногун, хизматчиёни давлатӣ, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мукофотҳои давлатӣ, ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супорида шуд. Боиси сарфарозист, ки дар ин росто котиби судии суди ноҳияи Зафаробод Ҳоҷибоев Т.С. бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод сарфароз гардид.