ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ СУДИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ Санаи 18 майи соли 2025 кормандони суди ноҳияи Зафаробод дар чорабинии ҷумҳуриявии Дави Миллӣ ва марафони велосипедронӣ, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд. Чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони касбу кори гуногун гузаронида шуд. Дар чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар номинатсияи велосипедронӣ котиби чопкунандаи суди ноҳия, Халилзода Мижгона Шерзод сазовори ҷои дуюм гардида, бо медал ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод қадрдонӣ карда шуд.