ИШТИРОКИ РАИСИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ 26-УМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАИСОНИ СУДҲОИ ОЛИИ ҶАҲОН
Рӯзҳои 19 то 24 ноябри соли 2025, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад бо ҳамроҳии муовини Раис Раҷабзода Ҳотам Назар ва судяи Суди Олӣ Шарифзода Иноятулло Шарифҷон дар Конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон, ки дар шаҳрҳои Деҳлӣ, Агра ва Лакноуи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор мегардад, иштирок доранд.
Дар ин ҳамоиш намояндагони зиёда аз 52 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 13 раисони Судҳои Олӣ, иштирок доранд. Чорабинӣ раҳбарони мақомоти судии кишварҳои мухталифро муттаҳид намуда, ба мавзӯи «Нигоҳи нав ба Созмони Милали Муттаҳид ва Оинномаи он» бахшида шудааст. Ҳадафи асосии конференсия аз баррасии масъалаҳои муҳим аз ҷумла, амнияти байналмилалӣ, сулҳи ҷаҳонӣ, ҳуқуқи инсон ва нақши ҳокимияти судӣ дар ҳалли мушкилоти замони муосир иборат мебошад.
Дар ҷаласаи пленарӣ муовини раис Раҷабзода Ҳ. Н. ва судяи Суди Олӣ Шарифзода И.Ш., дар мавзуи ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ суханронӣ намуда, аз нақши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар таҳкими адолати судӣ ва мубодилаи таҷрибаҳо байни низоми судҳо таъкид карданд.
Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар садоқати худро ба ҳамкории байналмилалӣ ва омодагии хешро барои дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии муштарак, ки ба таҳкими қонуният, рушди ҳокимияти судии мустақил ва ҳифзи арзишҳои демократӣ равона шудаанд, иброз доштанд.
Суди ноҳияи Зафаробод 








