МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Санаи 6-уми сентябри соли 2025 дар суди ноҳияи Зафаробод бахшида ба 34-солагии рӯзи Истиқлоли давлатӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис судяи суди ноҳияи Зафаробод Абдуллозода Ш. тамоми кормандони суди ноҳияро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Дар идома баромадкунандагон баён доштанд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, пойдориву бақои миллат мебошад. Маҷлиси тантанавӣ бо ҳамин руҳияи идона ба фарҷом расид.