МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 25-уми октябри соли дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, муовини Раиси Суди Олӣ Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод, раиси суди вилояти Суғд Рушанзода Суҳроб ва намояндагони дигар мақомоти судӣ иштирок намуданд.

Изображение WhatsApp 2025-10-24 в 21.15.21_b4860e9a.jpg

Дар ҷараёни маҷлис масъулин аз нақши муассири суд дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таҳкими адолати иҷтимоӣ сухан ронданд. Зикр гардид, ки мақомоти судӣ ҳамчун нигоҳи боэътимод ва сутуни давлатдорӣ, дар барқарор ва нигоҳ доштани сиёсати ҳуқуқбунёди кишвар ва пойдории амнияти ҷамъиятӣ нақши калидӣ дорад.

Изображение WhatsApp 2025-10-24 в 21.15.21_5e6f9f53.jpg Изображение WhatsApp 2025-10-24 в 21.15.21_9f3bc86b.jpg Изображение WhatsApp 2025-10-24 в 21.15.21_7759c28a.jpg

Ҳамзамон дар суханрониҳо ба зарурати баланд бардоштани савияи касбӣ, риояи одоби маҷлисӣ, шаффофият дар баррасии парвандаҳо ва такмили фарҳанги ҳуқуқӣ таъкид карда шуд. Зимнан, ба як қатор кормандони фаъоли мақомоти судӣ барои хизматҳои содиқона, иҷрои намунавии вазифа ва саҳми арзанда дар пешбурди фаъолияти судӣ ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо супорида шуданд.

Изображение WhatsApp 2025-10-24 в 21.15.22_7fd9d87c.jpg

 

Дар фарҷом иштирокчиён ҷонибдории худро аз сиёсати ҳуқуқбунёди Пешвои миллат ва ҳадафи устувори давлат дар роҳи таҳкими адолат, созандагӣ ва ояндаи амн изҳор доштанд.

Изображение WhatsApp 2025-10-24 в 21.15.22_9c7099f4.jpg Изображение WhatsApp 2025-10-24 в 21.27.55_80289848.jpg

 

Адолат – ойинаи давлат аст. Судя ва корманди судӣ он касонанд, ки ин ойинаро бо дастони пок, бо виҷдони бедор ва бо садоқат ба халқу Ватан рӯшан нигоҳ медоранд.