Муҳимтарин дастоварди давр

Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот муҳимтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд.

                                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

     Таърихи ҳар як миллат дорои саҳифаҳои сабақомӯз, хотирмон ва арзишҳои волоест, ки барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунад. Ин саҳифаи таърихии фаромушнашаванда ва хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикстон ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо талошҳои пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав рӯи кор омад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ исбот кард, ки ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон хотима ёфт. Иқдоми пайваста дар ин роҳ имконият дод, ки фазои ороми ватан ва суботи ҷомеа барқарор, ояндаи неки давлат таъмин гашт, Тоҷикистон ва мардуми он ба кулли ҷаҳониён ҳамчун миллати сулҳхоҳу сулҳҷӯ муаррифӣ шавад.

Пешвои миллат дар яке аз баромадҳои хуб иброз доштанд, ки «Андешаи миллатсозии ваҳдат ҳамон вақт самараи дилхоҳ ба бор меорад, ки қабл аз ҳама моҳият ва мафҳуми ватану ватандорӣ, қадру манзалати Истиқлоли давлатӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷой гирад ва решадор гардад».

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки самараи ин ваҳдати бадастоварда натанҳо сулҳу оромӣ дар қаламрави Тоҷикистон, балки ташаккули ҳуввияти миллӣ ва побарҷо шудани як давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ аст. Барои ба даст овардани сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мутамарказкунонии қувваи ҳаракату ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, СММ ва дигар давлатҳою ташкилотҳои байналхалқӣ ба мақсади ба даст овардани як мақсад ва побарҷо кардани як арзиши ваоқеан ҳам наҷиби инсонӣ сурат гирифт. Дар ин давра муносибати қувваҳои сиёсӣ аз амалиётҳои ҷангӣ ба муколама ва баъд ба барқарор кардани сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфт.

Воқеан ҳам, дар барқарор кардан ва пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ аст, зеро дар он лаҳзаҳои ҳассос, дар раванди музокироти тоҷикон, ки панҷ сол давом кард ин фарзанди фарзонаи миллат на танҳо роҳбарии тарафи дар музокирот иштирокдоштаи ҳукуматиро ба дӯш доштанд, балки шахсан чанд маротиба бо роҳбарияти мухолифин вохӯрда, онҳоро барои имзо кардани созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ талҷин намуда буданд. Дар ин радиф мехоҳам андешаи худро перомуни мавзӯъ бо суханони Президенти кишвар, ки ҳанӯз дар ҷашни 20-умин солгарди ваҳдати миллӣ изҳор намудаанд, ба анҷом расонам: «Ҳарчанд, ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом дод ва итминони комил дорам, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард».

Судяи суди ноҳияи Зафаробод                         Абдуллозода Шерзод