ОҒОЗИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБА
13 марти соли 2025 дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон лаҳзаҳои хотирмон сабт гашт. Бозкушоиии сарҳад барои ҳамкории ду кишвари ҳамсояи бародар дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва амният уфуқҳои нав кушод. Ҳалли баҳсҳои сарҳадӣ имкон медиҳад, ки ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва дар навбати худ рушди иқтисодии ҳарду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Гузашта аз ин, таҳкими эътимод миёни Тоҷикистону Қирғизистон омили муҳими субот дар кишварҳо гашта, дар асоси он талошҳои муштарак барои мубориза бо ҷинояткории фаромарзӣ ва ифротгароӣ амнияти минтақавиро тақвият хоҳад дод. Дар маҷмуъ, ҳалли масъалаҳои марзӣ барои шарикии дарозмуддат ва мутоқобилан судманди Тоҷикистону Қирғизистон заминаи қавӣ фароҳам оварда, дар рушди муносибаҳои дуҷониба барои солҳои оянда даври нав мекушояд. Иродаи неки Сарварони ду кишвар дар ҳалли ин мушкилии хеле мураккаб нақши асосӣ бозид ва миёни ин ду давлат 16 созишнома барои пешрафти минбаъдаи самтҳои мухталифи ҷомеа ба имзо расид. Рушди лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ метавонад ҳамбастагӣ бо ҳам ва эътимодро тақвиат диҳад. Он, инчунин барои рушди табодули фарҳангӣ ва башардӯстона муҳим аст: ташвиқи табодули фарҳангӣ, сафарҳои сайёҳӣ а барномаҳои таълимӣ метавонад ба фаҳмиши беҳтар ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мусоидат кунад. Он рӯз тариқи садову симо ва чеҳраҳои гарму самимии мардуми Тоҷикистону Қирғизистон баралло маълум буд, ки чӣ қадар мардуми ин ду кишвар интизори чунин лаҳза буданд. Якдигарро оғӯш гирифта, ашк мерехтанд, чунки халқи тоҷику қирғиз қарнҳо дар бари ҳамдигар дӯсту бародар зиндагӣ намуда, робитаҳои хешу таборӣ доштанд. Албатта, дӯстиву рафоқат ва ҳамсоядории тоҷикон мероси гаронбаҳои ниёгонамон буда, аз насл ба насл то ба имрӯз омада расидааст ва ҳар як фарди ҷомеа бояд онро дарк карда, дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад.
Дар маҷмуъ, ҳалли масъалаҳои марзӣ соли 2025 миёни Тоҷикистону Қирғизистон аллакай оғози даври нави муносибатҳои байниҳамдигарӣ гардид.
Дар ин росто саҳми зар яки мо дар ҳарду кишвар зарур аст, ки ба таҳкими минбаъдаи фазои эътимод, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни ду халқи дӯсту бародар равона карда шавад.
РАИСИ СУДИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД ҚУРБОНЗОДА Х.Г.