ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Ба мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз 18 марти соли 2024 ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кормандони суди ноҳияи Зафаробод ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд.

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар суди ноҳия мувофиқи барномаҳои таълимӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ тибқи низоми байналмиллалии забондонӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024 №15/41  тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шудааст.