ҚОНУН ВА ИҶРО. АМАЛИ БАШАРДӮСТОНА

Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ва башардӯстона ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул намуд.

Суди ноҳия аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 7 сентябри соли 2021 то инҷониб бо татбиқи Қонуни мазкур нисбати 21 нафар пешбурди 18 адад парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.

Аз рӯи пешниҳоди Нозироти корҳои иҷроии РИҶҶ дар вилояти Суғд 9 нафар, ки нисбаташон ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст, аз рӯзи пешниҳодҳои Хадамоти иҷро  дар ноҳияи Зафаробод ва дигар шаҳру ноҳияҳо 42 нафар, ки нисбаташон ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шудааст, аз ҷазоҳо озод карда шуданд.

Инчунин вобаста ба 5 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 3 нафар аз ҷазои таъинкардашуда озод карда шуда, 2 нафар мӯҳлати ҷазои адонагардидаашон аз се як ҳисса кам карда шуд.

Дар асоси Қонуни мазкур вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба фоидаи шаҳрвандон 20094 сомонӣ зарарҳои расонидашуда пурра талофӣ карда шуданд.

Ғайр аз ин 43 нафар маҳкумшудагон аз пардохти ҷарима ба андозаи 1295365 сомонӣ озод карда шуданд, ки аз ин шумора 42 нафарашон дар асоси пешниҳодҳои Хадамоти иҷро аз пардохти ҷарима ба андозаи 1273465 сомонӣ озод карда шуданд.

Нисбати парвандаҳои ҷиноятие, ки ба шаҳрвандон, давлат ва дигар ташкилоту муассисаҳо зарар расонда шудааст ва ҳангоми баррасии парванда зарарҳои расондашуда талофӣ  карда нашудааст (ба ғайр аз парвандаҳое, ки ҳангоми татбиқ намудани Қонун зарари моддии расонидашуда бояд пурра талофӣ карда шуда бошад) ба ҷабрдидаҳо ва намояндаҳои  ҷабрдида тавсия дода мешавад, ки ба тариқи умумӣ бо даъвои граҷданӣ ба суд муроҷиат намоянд.

Мо давлати ҳуқуқбунёд бунёд карда истодаем. Волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон таҷзияи ҳокимият, масъулияти байниҳамдигарии  давлатт ва шахсият асоси чунин давлат мебошад.

М.Ҳоҷизода,
раиси суди ноҳияи Зафаробод