ПАЁМ- БАРНОМАИ АМАЛУ СОЗАНДАГӢ
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар замоне ироа гардид, ки Тоҷикистон ба марҳилаҳои нави рушд ворид гардида, сокинони кишвар ба сӯи оянди дурахшон дилпурона қадам мегузоранд. Хушбахтона, айни замон дар кишвар сулҳу суботи комил ва истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани ҷумҳурӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат дар равнақу рушд қарор дошта ва ин дастовардҳои беназир боиси ба ояндаи нек назари боэътимод пайдо намудани ҳар як сокини кишварро бори дигар таъкид менамояд.
Паёмҳои ҳарсолаи Сарвари давлат мақоми барнома-стратегияи рушди миллиро дошта, сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои оянда фаро мегиранд. Муҳимтар аз ҳама, дар доираи ин санади муҳими сол воқеияти давлатӣ, сиёсӣ, таърихӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ ва зиёӣ ҳамовозиро ба вуҷуд меоварад.
Боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, ҳалли мушкилоти мавҷуда, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва расидан ба зиндагии шоиста меҳвари усулии паёмро ташкил дод.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ҳамасола зиёд карда мешавад.
Соли-ум ҳаҷми умумии хароҷотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бароштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ки аз 1-уми сентябри соли 2025
— маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маорифи 30 фоиз, соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ, ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои типи нав фаъолият менамояд.
Шумораи умумии хонандагони онҳо бнш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор хонанда донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12000 хонанда, инчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ-коллеҷҳо бо 106000 донишҷӯ фаъолият доранд.
Раиси суди ноҳияи Зафаробод Қурбонзода Х.Г.
Суди ноҳияи Зафаробод 



