САРЧАШМАИ ИФТИХОР

Парчами миллӣ рамзи садоқат, рафоат, ҳувият ва таҷассумгари ифтихору  ору номуси ватандорист. Дар ҷаҳони муосир доштани парчами давлатӣ  яке аз рамзҳои  асосии давлатдорӣ ва  ваҳдати миллӣ мебошад, яъне ҳар давлат маҳз тавассути  парчами он  муаррифӣ мегардад.

Аз рӯзе, ки давлати мо соҳиби Парчами  давлатӣ гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ  ба амал омаданд ва барои  пешрафти  ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти  мардум шароити мусоид  фароҳам оварда шуд.

Парчами давлатӣ барои мо, тоҷикон, нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ мебошад.

Ба тақвими иду ҷашнҳои миллӣ ворид шудан Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рамзҳои асосии  давлатдорӣ  маҳсуб мегардад, боиси ифтихор ва   роҳи  ҳамворе дар шинохти  арзишҳои миллист.

Парчам дар низоми нави давлатдории мо  ҷойгоҳи хоса дошта, аҳамияти бузургеро ноил аст.

Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик  агар аз як тараф  боиси ифтихори  халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар  асоси ҳастӣ  ва пойдории  давлатдории  ин миллати абарудрат аст. Боиси хушбахтист, ки дар баробари он, ки  ҳанӯз дар давраи  Куруши Кабир соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд,  инчунин якумин халқест, ки  аввалин шуда дирафш-парчамро  ба миён овардааст.

Боиси ифтихор аст, ки бо эълон доштани  истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  дар баробари зиёда аз садҳо давлати кишварҳои  дунё дар назди  бинои ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ — Созмон Милали Муттаҳид Парчами Ватани мо  партавафшон гардид ва  давлати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Бо мақсади мақому манзалати  Парчам дар рукни давлатдорӣ Пешвои миллат андешаи бунёди манораи  Парчамро пешниҳод намуданд, ки 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 165 метр партавафшон гардид.

Парчаме, ки  ҳастӣ ва ифтихори миллии моро ифода мекунад, парчаме, ки гувоҳи истиқлолият, таҷассуми  ғурури миллӣ ва ору  номуси ватандории мост, эҳтироми волои он дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ  вазифаи асосӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бошад.

 

Абдуллозода Д.,
пристави судии суди ноҳияи Зафаробод