Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳокимияти судии кишвар, бо фармоиши Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини дастрасии ҷомеа ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, таҳкими робитаи ҳокимияти судӣ бо ҷомеа ва инъикоси шаффофи фаъолияти судӣ,
Маркази матбуот
Имрӯз, 29 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии Пленуми Суди Олӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис роҳбарият, судяҳои Суди Олӣ, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони соҳаи ҳуқуқ иштирок намуданд. Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои муҳими вобаста ба таҳлили амалияи судӣ, таъмини татбиқи якхелаи
Рӯзҳои 15-19 декабри соли 2025 раванди пайвастшавии судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба Низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба роҳ монда шуд. Ин иқдом қадами муҳими навбатӣ дар роҳи рақамикунонии фаъолияти судӣ маҳсуб буда, ба баланд бардоштани самаранокии коргузорӣ, суръатбахшии мубодилаи иттилоот ва коҳиши ҳуҷҷатгузории коғазӣ мусоидат менамояд.
Санаи 16 декабри соли 2025 Роҳбарият ва кормандони суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»-ро дастаҷамъона тамошо намуданд. Суратгузориш:
Рӯзҳои 19 то 24 ноябри соли 2025, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад бо ҳамроҳии муовини Раис Раҷабзода Ҳотам Назар ва судяи Суди Олӣ Шарифзода Иноятулло Шарифҷон дар Конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон, ки дар шаҳрҳои Деҳлӣ, Агра ва Лакноуи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор мегардад, иштирок доранд. Дар ин
Санаи 16 ноябри соли 2025 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ ба ифтихори рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси суди ноҳияи Зафаробод Қурбонзода Хуршеда Гулмат низ иштирок намуд. Қайд карда шуд, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии сулҳу субот, низоми давлатдории миллӣ, таҳкими
15 ноябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., собиқадорони давраи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинон, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олӣ ва судяҳои судҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар
14-уми ноябри соли 2025 дар Суди ноҳияи Зафаробод бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳии Раиси Суди ноҳияи Зафаробод Қурбонзода Хуршеда Гулмат оғоз намуда, қайд кард, ки ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент
Санаи 27-уми октябри соли 2025 Раиси ноҳияи Зафаробод, прокурори ноҳияи Зафаробод, сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ва сародори шӯъбаи дар ноҳияи Зафаробод будаи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба мақсади таҷлил ва қадрдонии кормандони суди ноҳия ба муносибати рӯзи кормандони мақомоти судӣ ба суди ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд.
25 октябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили иди “Рӯзи кормандони мақомоти судӣ” бо иштироки Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Абдуллозода З.Ф., муовинон, судяҳои Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, инчунин, судяҳои судҳои ҷумҳурӣ ҳамоиши идона баргузор гардид. Нахуст, Раиси
Суди ноҳияи Зафаробод 













